21 Декабр 2020 - 13:05
Нишасти вазирони 4+1; Фурсате барои бозгашт ба тафоҳум ва таъомули дутарафа дар БарҶом

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви БарҶом имрӯз душанбеи 21 декабр нишасти ғайрирасмӣ ба сӯрати маҷозӣ баргузор ме‌кунанд.

ABNA24 : Баргузории ин ҷаласаи муштарак тасмиме буд, ки дар 17-умин нишасти Камиссиюни муштараки Бар Ҷом чаҳоршанбе (16 декабр) гирифта шуд. Аммо Эрон чӣ хостаҳое дар баробари 4+1 дорад.

Маҳдӣ Зокирён, устоди донишгоҳ ва соҳибназари масоили байналмилал дар ин бора мегӯяд : "Эрон сабри стротежикро пеша кард. Аммо 4+1 натавонист монеъи таҳрими иқтисодӣ ва молии номашрӯи Амрико шавад. На Чин, на Русия ва на Иттиҳоди Аврупо дар ин мавзӯ қадами қобили таваҷҷӯҳе барнадоштанд, албатта 4+1 Амрикоро дар анҷоми бархе иқдомот алайҳи Эрон дар сатҳи Шӯрои амният ноком гузорад".

Акнун давраи Трамп ба поён расида ва Ҷо Байден, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико сухан аз БарҶом ме‌ронад. Дар вазъияти ҷадид 4+1 бо фурсати тозае рӯ барӯст.

Дар се соли гузашта, таҳримҳои якҷонибаи Амрико ба манофеъи қонӯнии Эрон дар чорчӯби БарҶом зиён ворид кардааст. Бар асари таҳримҳои Амрико ва иҷро нашудани ваъдаҳои Аврупо, тиҷорати Эрон бо мавонеъи пулӣ ва бонкӣ мувоҷеҳ шудааст. Сармоягузорӣ  ва доду ситади хориҷӣ бо Эрои ҳам бо тардид ва коршиканӣ мувоҷеҳ шуд.

Haiku Moss, вазири хориҷаи Олмон дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, Аврупо ба далели таҳримҳои Амрико наметавонад ба тааҳҳудоти худ барои тақвияти муносиботи иқтисодӣ бо Эрон амал кунад.

Амрико таҳримҳои ҳаддиаксариро ҳатто ба арсаи дору  ва маҳрум кардани беморон аз дастрасӣ ба ваксина ва таъмини ниёзҳои пизишкӣ дар даврони сахти мубориза бо корона суръат бахшид, ки ин иқдомот дар муғойират бо саломати мардум ва амнияти иқтисодӣ дар ҷомеъа аст.

Саидаббоси Ироқчӣ. муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон дар нишасти ҳафтаи гузаштаи Камиссиюни муштараки БарҶом бо ишора ба бархе изҳори назарҳои расонаӣ, ки дар рӯзҳои ахир аз сӯи Аврупо ба гӯш мерасад, таъкид кард: қоидатан се давлати аврупоӣ, ки худро пойбанд ба демократия ва қавоид он мехонанд, набояд аз давлати Эрон интизор дошта бошанд, ки усӯли демократияро нодида гирифта ва қонӯни мусавваби Маҷлиси Шӯрои Исломиро иҷроӣ накунад. Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон мутааҳҳиду муваззаф ба иҷрои мусавваботи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ пас аз тайи мароҳили қонӯнии онҳо аст.

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон зимни эътироз ба мавозеи ахири се давлати аврупоӣ, баён дошт: ба ҷои маҳкӯмияти террори душманонаи донишманди барҷастаи ҳастаии Эрон, се давлати аврупоӣ муҷозоти қонӯнии як шахси муҷримро маҳкум карданд.

Ироқӣ таъкид кард, тарафҳои аврупоӣ ҳамвора фақат аз Эрон мехоҳанд дар баробари ҳамаи рафторҳои ғайриқонӯнӣ ва хасмона, чӣ таҳримҳои Амрико бошад ва чӣ харобкорӣ дар Натанз ва террори донишмандони ҳастаии худ, хештандор бошад.

Бо тавваҷуҳ ба паёмадҳои нақзи БарҶом, баназар мерасад, ду роҳ барои хурӯҷ аз бунбаст вуҷӯд дорад:

Роҳи нахуст: бозгашти ҳамаи тарафҳо ба БарҶом ва амалгароӣ дар қиболи тааҳҳудот дар чорчӯби тавофуқи чандҷониба  ва иҷрои қатъномаи 2231 Шӯрои амният аст. Гоми аввал дар ин замина амал ба қатъномаи Шӯрои амнияти аст.

Роҳи дувум, аммо мондан дар вазъияти иштибоҳи феълӣ ва рӯйкард ба гузинаҳои ғайримантиқӣ ҳамчун музокираи муҷаддад ва ҳасули тавофуқи тоза аст, ки дар ин сӯрат чизе аз БарҶом боқӣ нахоҳад монад. Эрон мавозеъи худро дар радди музокираи муҷаддад дар бораи БарҶом ба сӯрат шаффоф эълом карда, аммо таъкид карда аст, дар сӯрати бозгашти тарафҳои БарҶом ба анҷоми тааҳҳудоти худ ва иъодаи вазъият ба шароити январи 2017, тааҳҳудоти БарҶом-ии худро, ки вифқи бандҳои 26 ва 36 БарҶом онҳоро мутаваққиф кардааст, азсар мегирад.

342/